Кадом корт барои интиқоли маблағ ба хориҷа лозим аст
Барои интиқоли байналмилалӣ тавассути T‑Bank корти дебетии Black лозим аст. Барои гирифтани он, танҳо дархостро дар сомона пур карда, ному насаби пурраи худ, телефони мобилӣ ва санаи таваллудро нишон диҳед. Агар шумо ғайрирезиденти Русия бошед, ба шумо яке аз ҳуҷҷатҳо лозим аст: корти муҳоҷират, патент барои кор, иҷозатномаи иқомат ё раводид — вобаста аз шаҳрвандии шумо.
Дар дархост мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки вақт ва ҷои мувофиқи гирифтани кортро нишон диҳед — масалан, суроғаи хона ё ҷои кор. Дар рӯзи интихобшуда намояндаи бонк ба шумо корт ва ҳуҷҷатҳои суратҳисобро меорад. Мо қаблан, бо СМС паёмак, ба шумо дар бораи вохӯрӣ ёдрас мекунем. Шумо метавонед кортро дарҳол пас аз вохӯрӣ истифода баред: танҳо суратҳисоби худро бо пули нақд дар банкомати бонки дилхоҳ пур кунед ё пулро ба корти T‑Bank аз корти бонки дигар интиқол диҳед — барои пур кардани корт пардохт нест.
Барои истифодаи корт, масалан, барои интиқоли маблағ ба хориҷа, барномаи T‑Bank‑ро насб намоед. Ин дастрасӣ ба суратҳисоби шумост. Тавассути он, масалан, шумо метавонед ба осонӣ ҳаққи хидматрасонии мобилӣ, патентро пардохт кунед ва хешфармоиро ба расмият дароред.
Санаи таваллуди худро ҳамчун рамзи ПИН истифода набаред. Чунин рамзро ёфтан осон аст, ва агар телефон ба дасти бегона афтад, қаллобон маблағро дуздида метавонанд.